عَلَى الْعَقِيقِ اجْتَمَعْنَا
Дар Ақиқ ҷамъ шудем
Tg
عَلَى الْعَقِيقِ اجْتَمَعْنَا
نَحْنُ وَسُودُ الْعُيُونِ
Дар водии Ақиқ ҷамъ омадем
мову сиёҳчашмон
مَا ظَنِّ مَجْنُونَ لَيْلَى
قَدْ جُنَّ بَعْضَ الْجُنُونِ
Чӣ гумон доред дар бораи Маҷнуни Лайло
ӯ танҳо андаке девона буд
فَيَا عُيُوني عَيَوْنِي
وَيَا جُفُونِي جَفَوْنِي
Эй чашмонам, маро хаста кардед
ва эй мижгонам, бо ман ҷафо намудед
وَيَا قُلَيْبِي تَصَبَّرْ
عَلَى الَّذِي فَارَقُونِي
Эй дилаки ман, сабр пеша кун
бар онҳое, ки аз ман ҷудо шуданд
فَارَقْتُهُمْ يَوْمَ الاِثْنَيْنِ
صُبْحَ الثَّلَاثَا وَاحِشُونِي
Рӯзи душанбе аз онҳо ҷудо шудам
субҳи сешанбе дар фироқашон танҳо мондам
هُمْ سَادَةٌ خَلَّفُونِي
أَبْكِي دَماً مِنْ عُيُونِي
Онҳо сарваронеанд, ки маро гузоштанд
то аз чашмонам хун гиря кунам
بَكَيْتُ حَتَّى رَثَانِي
الْطَّيْرُ فَوْقَ الْغُصُونِ
Ончунон гиристам, ки ҳатто мурғон
бар болои шохаҳо бар ман дилсӯзӣ карданд
بِاللهِ إِنْ مُتُّ شَوْقاً
بِأَدْمُعِي غَسِّلُونِي
Савганд ба Худо, агар аз шавқи дидор бимирам
маро бо ашкҳои худам ғусл диҳед
نُوحُوا عَلَيَّ وَقُولُوا
هَذَا قَتِيلُ العُيُونِ
Бар ман навҳа кунед ва гӯед
ин аст куштаи он чашмон
مَا زِلْتُ حَوْلَ الْمَطَايَا
أَقُولُ بِاللهِ احْمِلُونِي
Ҳамвора гирди маркабҳо мегаштам
ва мегуфтам: «Барои Худо, маро ҳам бибаред»
إِلَى مَنَازِلِ قَوْمِي
سَارُوا وَمَا وَدَّعُونِي
Ба сӯйи манзилҳои қавми ман
рафтанд ва бо ман видоъ накарданд
رُوحْ يَا رَسُولِي إِلَيْهِمْ
سِرْعاً وَقَبِّلْ يَدَيْهِمْ
Эй қосиди ман, ба сӯйи онҳо бирав
шитоб кун ва дастонашонро бибӯс
وَاقْرَأْ سَلَامِي عَلَيْهِمْ
لَعَلَّهُمْ يَقْبَلُونِي
Саломи маро ба онҳо бирасон
шояд маро бипазиранд
جَانِي الْرَّسُول وَهُوَ يَضْحَكْ
وَقَالَ أَبْشِرْ بِصُلْحِكْ
Қосид хандон ба наздам омад
ва гуфт: «Мужда бод туро ба оштӣ»
وَحَيَاةِ عَيْشِكَ وَمِلْحِكْ
هُمْ بِالوِصَالِ وَاعَدُونِي
Савганд ба ҳаққи нону намаки миёнамон
онҳо ба ман ваъдаи висол доданд