مِنْ جَمَالِ الْكَوْنِ خَمْرِي
Аз ҷамоли коинот аст майи ман.
Tg
Tg
مِنْ جَمَالِ الْكَوْنِ خَمْرِي
ذَقْتُهُ صِرْفاً حَلَالَا
Аз ҷамоли олам бодаи ман аст
Онро холису ҳалол чашидам
وَهْوَ مِنْ أَوْصَافِ بَدْرِي
قَدْحَوَى ذَاكَ الْجَمَالَا
Он аз авсофи Бадри (моҳи) ман аст
Ки он ҷамоли комилро дар бар гирифтааст
وَجْهٌ قَدْ لَاحَ سَنَاهْ
وَالْكَوْنُ غَدَا مِرْآهْ
Рӯе, ки дурахши он падидор гашт
Ва олам оинаи он гардид
إِنْ رُمْتَ فُؤَادِي لِقَاهْ
فَاجْعَلْ هَوَاكَ هَوَاهْ
Агар эй дил дидори Ӯро хоҳӣ
Пас хоҳиши худро бо хости Ӯ як кун
أَنَا بِالْرُّوْحِ سَمَاءُ
أَنَا بِالْجِسْمِ هَبَاءُ
Ман бо рӯҳ осмони паҳноварам
Ман бо ҷисм ғубору хокам
أَنَا زَهْرٌ أَنَا مَاءُ
تِهْتُ مِنْ وَجْدِي دَلَالَا
Ман гулам ва ман об ҳастам
Аз ваҷду сармастии худ саргардонам
وَالْرُّوْحُ رَقَى مَرْقَاهْ
وَالْقَلْبُ غَدَا يَرْعَاهْ
Рӯҳ ба ҷойгоҳи баланди худ баромад
Ва дил нигаҳбону посбони он шуд
وَالْجِسْمُ سَعَى مَسْعَاهْ
لِيَنَالَ بِذَاكَ مُنَاهْ
Ва ҷисм ба роҳи худ шитофт
То бо он ба орзуи ниҳоии худ бирасад
يَا عَذُوْلاً لَامَ جَهْلاً
مُغْرَماً قَدْ نَالَ وَصْلَا
Эй маломатгаре, ки аз рӯи ҷаҳл таъна мезанӣ
Ошиқеро, ки ба мақоми висол расидааст
إِنْ تَلُمْ صِدْقاً سَتُبْلَى
وَتَذُوْقُ الْحُبَّ حَالاَ
Агар аз рӯи сидқ маломат кунӣ, гирифтор мешавӣ
Ва ҳамон замон таъми ин ишқро мечашӣ
بِفَنَائِكَ عَنْ سِوَاهْ
تَأْوِيْ لِفِنَاءِ بَقَاهْ
Бо фано шуданат аз ҳар чӣ ҷуз Ӯст
Ба паҳнои бақои Ӯ паноҳ мебарӣ
وَبِبَرْدِ شَرَابِ رِضَاهْ
يُطْفِي الْفُؤَادُ جَوَاهْ
Ва бо сардии шароби ризои Ӯ
Сӯзиши иштиёқи дил хомӯш мегардад
صَلَوَاتُ اللهِ تُهْدَى
مِنْ جَمِيْعِ الْطِّيْبِ أَنْدَى
Дуруди Худованд ҳадя бод
Хушбӯйтар аз ҳар накҳату атр
لِرَسُوْلٍ قَدْ تَبَدَّى
نُوْرُهُ يَمْحُو الْضَّلَالَا
Бар Паёмбаре, ки зуҳур намуд
Ки нури Ӯ гумроҳиро маҳв месозад
بِسَلامٍ لا يَتَنَاهْ
وَالْاَلِ أُهَيْلِ الْجَاهْ
Бо саломе, ки интиҳо надорад
Ва бар Оли ӯ, ки аҳли ҷоҳу мақоманд
وَالْصَّحْبِ وَمَنْ وَالَاهْ
وَجِيْعِ رِجَالِ الله
Ва бар асҳоб ва ҳар ки пайрави ӯст
Ва бар тамоми мардони Худо