بَادِرْ لَقَدْ فَاتَتْكَ الْغَنَائِمْ
Бишитоб, ки ғаниматҳо аз даст рафт.
Tg
بَادِرْ لَقَدْ فَاتَتْكَ الْغَنَائِمْ
تَقَاسَمُوهَا وَأَنْتَ نَائِمْ
Шитоб кун, ки ғаниматҳо аз даст рафтанд
Онҳоро тақсим карданд ва ту дар хоб будӣ
وَلَوْ رَأَيْتَ الَّذِينَ فَازُوا
نُحْتَ كَمَا نَاحَتِ الْحَمَائِمْ
Агар касонеро, ки комёб шуданд, медидӣ
Монанди кабӯтарон нолаву шеван мекардӣ
إِنْ رُمْتَ أَلَّا تَكُونَ نَادِمْ
قُمْ لِحَبِيبِ الْقُلُوبِ لَازِمْ
Агар мехоҳӣ, ки ҳаргиз пушаймон нашавӣ
Бархез ва ба маҳбуби дилҳо пойбанд бош
وَلَازِمِ الْبَابَ يَا مُعْنَّى
إِنَّ الْسَّعِيدَ الَّذِي يُلَازِمْ
Эй ҷони хаста, ба ин даргоҳ чанг бизан
Зеро саодатманд он аст, ки даргоҳро раҳо намекунад
مَنْ لَازِمَ الْبَابَ نَالَ قُرْبا
وَفَازَ بِالْأَجْرِ وَالْغَنَائِمْ
Ҳар кӣ бар ин даргоҳ бимонад, ба қурб расад
Ва ба аҷру ғаниматҳо даст ёбад
وَلَا تَنَمْ سَاعَةَ الْتَّجَلِّي
فَلَيْسَ يَحْظَى بِالْأَجْرِ نَائِمْ
Дар соати таҷаллии Илоҳӣ хоб марав
Зеро хобанда ҳаргиз аз подош баҳра намеёбад
قَدْ جَرَحَتْ قَلْبِيَ الْخَطَايَا
وَلَسْتُ أَلْقَى لَهَا مَرَاهِمْ
Хатоҳову гуноҳон дили маро маҷрӯҳ кардаанд
Ва барои онҳо ҳеҷ марҳаме намеёбам
سِوَى الْرِّضَا مِنْكَ يَا إِلَهِي
يَا وَاسِعَ الْجُودِ وَالْمَكَارِمْ
Магар ризоияти Ту, эй Илоҳи ман
Эй соҳиби бахшишу карами бениҳоят
وَقَدْ تَوَسَّلْنَا يَا إِلَهِي
بِسَيِّدِ الْعَرَبِ وَالْأَعَاجِمْ
Ва мо ба Ту тавассул ҷустаем, эй Илоҳи ман
Ба воситаи сарвари арабҳо ва аҷамҳо
نَبِيِّنَا الْمُصْطَفَى الْتِّهَامِي
مَنْ جَاءَ لِلْأَنْبِيَاءِ خَاتَمْ
Паёмбари мо Мустафои Тиҳамӣ
Касе ки ҳамчун хотами паёмбарон омад