لِغَيْرِ جَمَالِكُمْ نَظَرِي حَرَامُ
Ба ғайри ҷамоли шумо назарам ҳаром аст.
Tg
لِغَيْرِ جَمَالِكُمْ نَظَرِي حَرَامُ
وَغَيْرُ كَلَامُكُمْ عِنْدِي كِلَامُ
Ба ғайри ҷамоли шумо нигоҳам ҳаром аст
Ва ғайри каломи шумо назди ман каломе нест
وَعُمْرُ الْنَّسْرِ مِنْكُمْ بَعْضُ يَوْمٍ
وَسَاعَةُ غَيْرِكُمْ عَامٌ فَعَامُ
Умри каргас бо шумо порае аз рӯз аст
Ва соате бо ғайри шумо соле баъди сол аст
وَصَبْرِي عَنْكُمُ شَيْءٌ مُحَالٌ
وَمَا لِي قَاتِلٌ إِلَّا الْفِطَامُ
Ва сабри ман дур аз шумо амрест маҳол
Ва маро қотиле нест, ҷуз ҷудоӣ аз шумо
إِذَا عَايَنْتُكُمْ زَالَتْ هُمُومِيْ
وَإِنْ غِبْتُمْ دَنَا مِنِّيْ الْحِمَامُ
Чун шуморо бинам, ғамҳоям зудуда шаванд
Ва агар ғоиб шавед, маргам наздик гардад
أَوَدُّ بِأَنْ أَكُونَ لَكُمْ جَلِيسًا
وَتُنْصَبَ لِي بِرَبْعِكُمُ خِيَامُ
Мехоҳам, ки ҳамнишини шумо бошам
Ва дар кӯи шумо хаймаҳоям барафрохта шаванд
فَدَاوُوا بِالْوِصَالِ مَرِيضَ هَجْرٍ
يَهِيمُ بِكُمْ إِذَا سَجَعَ الْحَمَامُ
Пас бо висол бемори ҳаҷрро даво кунед
Ки бо ёди шумо шайдо шавад, чун кабӯтар бинолад
حَدِيثُ غَرَامِهِ فِيكُمْ قَدِيمٌ
وَمَلْبَسُهُ مِنَ الْحُبِّ الْسِّقَامُ
Қиссаи ишқи ӯ дар ҳаққи шумо дерина аст
Ва либоси ӯ аз ишқу муҳаббат беморӣ аст
فَأَنْتُمْ فِي الْأُصُولِ أَجَلُّ أَصْلٍ
إِذَا شِئْتُمْ تَحَصَّلَ لِي الْمَرَامُ
Шумо дар аслу бунёд волотарин аслед
Агар хоҳед, мақсаду муроди ман ҳосил шавад
بِكُمْ صَعْبُ الْأُمُورِ يَعُودُ سَهْلًا
فَبِالْإِحْسَانِ جُودُوا يَا كِرَامُ
Бо шумо корҳои душвор осон гардад
Пас бо эҳсон саховат кунед, эй каримон
وَلَيْسَ سِوَاكُمُ لِلْجُودِ أَهْلًا
فَكَيْفَ نَزِيلُ سُوحِكُمُ يُضَامُ
Ва ҷуз шумо касе шоистаи ҷуд нест
Пас чӣ гуна меҳмони кӯи шумо ситам бинад?